Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ РАШИДӢ» – асари Мирзомуҳамад Ҳайдар

«ТАЪРИХИ РАШИДӢ» – асари Мирзомуҳамад Ҳайдар

«ТАЪРИХИ РАШИДӢ» асари Мирзомуҳамад Ҳайдар, ки таърихи Кошғар, Ҳафтрӯд, қисман Мовароуннаҳр ва Афғонистонро дар бар мегирад. «Таърихи Рашидӣ» ба забони форсӣ-тоҷикӣ шавишта шуда, аз 2 қисм (дафтар) иборат аст. Дар қисми якум таърихи Муғулистону Кошғар дар миёнаҳои асрҳои 14—16 ва дар қисми дуюм воқеаҳои муҳими сиёсии солҳои 1609—51 дар Мовароуннаҳр, Кошғар, Афғонистон, ки худи муаллиф шоҳиди онҳо буд, тасвир ёфтаанд. Дар «Таърихи Рашидӣ» таъсиси хони Қазон, сабабҳои барҳам хӯрдани давлати ӯзбекҳои бодиянишин зикр ёфта, инчунин дар бораи ҳукуматдорони ӯзбекҳои бодиянишпн ва Муғулистон (асри 16), муносибати муғулу қалмоқҳо ва Кошғару Бадахшон маълумот ҳаст. Солҳои 1849—50 «Таърихи Рашидӣ»-ро Муҳаммадсодиқ ба забони уйғурӣ, 1895—98 Денисон Росс ба забони англисӣ тарҷума кардаанд.
Баъзе қисмҳои «Таърихи Рашидӣ» ба забонҳои русӣ, франсавӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ низ тарҷума шудаанд;
Адабиёт: Бартольд В. В., Очерк истории Семиречья, Соч., том 2, ч. 1, Москва, 1963. А. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …