Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ НИШОПУР» – асари Халифаи Нишопурӣ

«ТАЪРИХИ НИШОПУР» – асари Халифаи Нишопурӣ

«ТАЪРИХИ НИШОПУР» асари таърихии муаррихи форс-тоҷик Ҳаким Абӯабдуллоҳ Муҳаммад маъруф ба Халифаи Нишопурист. Китоб таърихи шаҳри Нишопур, ҳаёт ва фаъолияти афроди донитманди ин шаҳрро дар бар гирифта, бо номҳои «Китоби аҳволи Нишопур» ва «Ассиёҳлӣ таърихи Найсобур» низ ёд мешавад. Ибтидои асри 11 Абӯабдуллоҳ Ҳакими Нишопурӣ (вафот 1014) ба забони арабӣ таълиф кардааст, ки аз ҳашт ё дувоздаҳ ҷилд иборат будааст. Аксарияти таърихнависони баъдина аз он истифода бурдаанд. Тахминан баъди як аср Абулҳасани Форисӣ (вафот 1135) навиштани ин асарро (ба забони арабӣ) давом дода, онро «Ас-сиёҳлӣ-таърихи Найсобур» номид. Соли 1225 Иброҳим ибни Муҳаммад ас-Сарифинӣ (вафот 1243) ҳар ду асарро ба таври мухтасар аз нав навишт. Баъди инҳо (ибтидои асри 15) Халифаи Найсобурӣ матни арабии «Таърихи Нишопурӣ»-ро аз нав таҳия кард ва ба забони тоҷикӣ гардонда, ба он рӯйдодҳои баъдинаи зиёдеро илова намуд ва боби ба тарҷумаи ҳоли ашхоси гуногун мансубро дар шакли арабӣ овард. «Таърихи Нишопурӣ» аз ду қисм иборат аст. Аввали қиссии 1-ум (ба забони тоҷикӣ) рӯйдодҳоеро дар бар мегирад, ки ба таърихи Эрон тааллуқ доранд. Давоми ин қисм (ба забони арабӣ) аз донишмандони Нишопур маълумот медиҳад. Қисми 2- юми асар (ба забони тоҷикӣ) роҷеъ ба пайдоиши шаҳри Нишопур, маҳалҳои гирду атрофи он, аз тарафи арабҳо ишғол шудани шаҳр мебошад. «Таърихи Нишопурӣ» барои омӯхтани таърихи пайдоиши шаҳрҳои Эрону Мовароуннаҳр ва рӯйдодҳои асрҳои 8—15 аз маъхазҳои мухим мебошад, зеро дар он бештар воқеаҳое тасвир ёфтаанд, ки аксари муаллифон шоҳиди онҳо буданд ё аз шахсони мӯътабар шунидаанд. «Таърихи Нишопурӣ» солҳои 1961 дар Теҳрон ва 1965 дар Гаага (чопи факсимилӣ, муқаддимааш ба забони англисӣ) ба табъ расидааст. У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …