Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАЪРИХИ МУҚИМХОНӢ»

ТАЪРИХИ МУҚИМХОНӢ»

ТАЪРИХИ МУҚИМХОНӢ» асари таърихии Муҳаммадюсуфи Муншӣ. «Таърихи Муқимхонӣ» дар солҳои ҳукмронии ҳокими Балх Абдулмузаффар Муҳаммад Муқимхон (1702 —07) навишта шудааст. Бобҳои алоҳидаи асар масъалаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёСИИ вилояти Балхро дар бар мегирад. «Таърихи Муқимхонӣ» инчунии роҷеъ ба таърихи хонҳои Бухоро, хусусан сулолаи Аштархошиён, муносибати байниБухоро ва Балх маълумоти пурқимат медтҳад. Нусхаҳои дастнависи «Таърихи Муқимхонӣ» дар китобхонаҳои Ленинград, Боку, Қазон, ‘Гошкент, инчунин таҳти рақами 133 дар китобхонаи институти таърихи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон маҳфуз аст. Парҷумин рукни асар соли 1956 дар шаҳри Тошкент нашр шуд.
Адабиёт: Мухаммад Юсуф Мунши, Мукимханская истории, пер. с тадж:, предисловия, примечания и указатели профессор А. А. Семенова, Ташкент, 1956.
Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …