Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТАЪРИХИ БЕМОРӢ

ТАЪРИХИ БЕМОРӢ

ТАЪРИХИ БЕМОРӢ, хуҷҷати асосии тиббист барои ҳар як бемор, ки аз тарафи муассисаи табобатӣ тартиб дода мешавад. Таърихи бемори аз қисмҳои паспортӣ (фамилия, ном ва номи падар, синну сол, аҳволи иҷтимоӣ, ихтисос ва ғайра), бемориҳои собиқа, натиҷаҳои тадқиқи беморӣ ва муолиҷаи он иборат аст.

bemor

Тағйироти ҷараёни беморӣ ба таърихи бемори мунтазам (дар поликлиника ҳар дафъаи омадани бемор ва дар беморхона ҳар рӯз) қайд карда мешавад. Таърихи бемори ташхис ва муолиҷаи минбаъдаи бемор, инчунин кори духтурҳои дигарро осон менамояд. Таърихи бемори дар лаҳзаҳои зарурӣ ҳамчун ҳуҷҷати тафтишотӣ судӣ ва тибби судӣ (қонунӣ) низ истифода мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …