Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ» асари Абулфазли Байҳақӣ Муҳаммад Ибни Ҳусайн, ки солҳои охири ҳаёташ ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи Байҳақӣ» ба султони Ғазнавиён султон Масъуди Ғазнавӣ бахшида шудааст, аз ин рӯ, дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ бо номҳои «Таърихи     Масъудӣ», «Таърихи Оли Сабуктегин», «Ҷомеъи таърихи Оли Сабуктегин» ё «Муҷалладоти Абулфазли Байҳақӣ» дучор меояд. Ин асар аз 30 ҷилд (муҷаллад) иборат будааст, ки то имрӯз ҳамагӣ қисми охири ҷилди 5, ҷилдҳои 6—9 ва қисме аз ҷилди 10 боқӣ мондааст, ки бештар бо номи «Таъриш Масъудӣ» машҳур аст. Мавзӯи асосии асар тдърихи мухтасари салтанати сулолаи Ғазнавиён мебошад. Муаллифи асар, ки солҳои зиёд дабирии девони рисолати ин дарборро иҷро мекард, шоҳиди воқеа ва ҳодисаҳои зиёд буд ва ҳамаи ин барои навиштани чунин як таърихи мӯътабар маъхази боэъттмод шуд. Вай дар навиштани ин асар фақат ба тасвири ҳодисаҳои сиёсии давраи Ғазнавиён қаноат накарда, кӯшидааст, ки сабаб ва иллати бисёр ҷангҳо ва сафарҳои ҳарбии султон Маҳмуд ва султон Масъуди Ғазнавиро шарҳ диҳад. Ӯ нусхаҳои фармонҳою ҳукмҳоро айнан меорад, дар хусуси шоирону ашъори онҳо маълумот медиҳад. Барои ҷолибтар шудани асараш бештар ҳикоёти дилнишину мисолҳои шеърӣ меорад. Ба қавли муаллиф ҳар он чи ки ӯ дар таърихаш овардааст ё худ шоҳиди он аст ё аз ровии мӯътабар шунидааст, барон ҳамин гаштаю баргашта ба дурустии ахбори китобат таъкид мекунад. Забон ва услуби «Таърихи Байҳақӣ» бисёр соддаю равон аст. «Таърихи Байҳақӣ» барои омӯхтаии ҳодиса ва воқеаҳои таърихию адабии даираи Ғазнавиён сарчашмаи боэътимод ба шумор меравад. «Таърихи Байҳақӣ» солҳои 1801— 62 дар Калкатта, 1889—90, 1940,1945 дар Теҳрон нашр ва ба забонҳои руси, арабӣ тарҷума шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …