Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ АНБИЁ ВА МУЛУК»

«ТАЪРИХИ АНБИЁ ВА МУЛУК»

«ТАЪРИХИ АНБИЁ ВА МУЛУК» асари таърихии муаррихи асри 15 Ҷаъфар ибни Муҳаммад Ҳусайнии Яздӣ. Дар адабиёт бо номҳои «Таърихи кабир», «Таърихи Ҷаъфарӣ» низ маълум аст. Байни солҳои 1447—52 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб аз 6 қисм — бузургони гузашта аз Одам то Нӯҳ, шоҳони Эрон (Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Сосониён), пайғамбарон ва халофаҳо (халифаҳои пок, имомони шиа, Умавиён, Фотимиён, Аббосиён), султонҳо (Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, оли Буя, Дайламиён ё Зиёриён) ва султонҳои Гелон, Салҷуқиён, Ғуриён, Хоразмшоҳиён, Исмоилиён, туркҳо (муғулҳо), Томур ва воқеаҳои баъди вафоти ӯ иборат аст. Дар «Таърихи анбиё ва мулук» дар бораи салтанати Темур ҳодисаю воқеаҳои давраи ҳукмронии Шоҳрух (1405—47), ибтидои ҳукмронии набераи ӯ Султонмуҳаммад, муносибатҳои тиҷоратии Темуриён бо Ҳиндустону Хитой ва ғайра маълумот гирд оварда шудааст. Китоб барои омӯхтани таърихи -мамлакатҳои Шарқ (Эрон, Афғонистои, Осиёи Миёна) ва ғайра сарчашмаи пурарзиш мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …