Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ АМИР ҲАЙДАР»

«ТАЪРИХИ АМИР ҲАЙДАР»

«ТАЪРИХИ АМИР ҲАЙДАР» асари муаррихон Муллоибодуллоҳ ва Мулломуҳаммадшариф, ки аз тарафи шахси номаълуме ихтисор шудааст. Ин асар дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ таълиф шуда таърихи ҳукмронии амир Ҳайдарро дар бар гирифтааст. Соли таълифаш номаълум. «Таърихи амир  Ҳайдар» аз 81 боб иборат аст. Ду боби аввали асар таърихи мухтасари Бухоро, ҳукмронии Аштархониё ва ба ҷои онҳо омадани Манғитияро дар бар мегирад. Боби 7-ум ба таърихи таваллуди Ҳайдар (аз Шоҳмурод ва зани ӯ малика Ҷонак) бахшида шудааст. Бобҳои минбаъдаи «Таърихи амир  Ҳайдар» таърихи хукмронии амир Ҳайдарро (то ваф. 6 окт. 1826) дар бар мегирад. Асар тақрибан дар а. 19 рӯнавис гардидааст. «Таърихи амир  Ҳайдар» барои равшан намудани вазъи иқтисодию сиёсӣ ва дигар ҳолатҳои Иморати Бухо ро дар аҳди Ҳайдар аҳамияти калон дорад.           У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …