ТАЪРИХ

ТАЪРИХ (арабӣ 1) ҳама гуна ҷараёни тараққиёти табиат ва ҷмъият. Ба ин маънӣ таърихи олам, таърихи Замин. таърихи илмҳои ҷудогона (физика матсматика, ботаника, тиб ва ғайра) ҳаст; 2) илмест, ки гузаштаи ҷамъияти инсониро бо тамоми конкретӣ ва гуногуниаш меомӯзад, то ки ҳозира ва ояндаи он дарк карда шавад. К. Маркс ва Ф. Энгелс ба илми таърих баҳои баланд дода навишта буданд. ки таърихро метавон ба таърихи табиат ва таърихи одамон ҷудо кард. Вало ҳарду ин тарафҳои таърих ба якдигар узван пайнанданд ва то даме, ки одамон вуҷуд доранд, таърихи табиат ва таърихи одамон ба ҳамдигар вобастагии мутақобил доранд (нигаред К. Маркс и Ф. Энгслс. (сочинение т. 3. с. 16). Илми таърихи марксистӣ-ленинӣ инкишофи чамъияти инсониро меомӯзад.

tarix
Илми таърих дар Тоҷикистоии Советӣ низ ба дараҷаи баланд тараққӣ кардааст. Таърихи бои халқи тоҷик диққати муҳаққиқонро аз давраҳои қадим ба худ ҷалб мекарл. Илми таърих дар сарзамими тоҷикон хусусан аз давраи аввалин давлати тоҷикон — давлати Сомониён рӯ ба тараққӣ ниҳод. Вузургтарин намояндаи муаррихони ин давра Абӯбакр Наршахӣ мебошад. Китоби ӯ «Таърихи Бухоро» яке аз маъхазҳои нодир оид ба таърихи ноҳияҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳр, хусусан Бухоро ҳисоб мешавад. Дар асрҳои минбаъда ҳам муаррихон Абӯсаиди Гардезӣ («Зайн-ул ахбор»), Абулфазли Байҳақӣ («Таърихи масъудй» ё худ «Таърихи Байҳақӣ»), Абӯумари Ҷузҷонӣ («Табақоти Носирӣ»), Аловуддини Ҷувайнӣ («Таърихи ҷаҳонкушоӣ»), Шарофуддин Алии Яздӣ («Зафарнома»), Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуди Мирхонд («Равзат-ус-сафо»), Хондамир («Ҳабиб-ус-сияр фи ахбори афрод-ил-башар»), Муҳаммадюсуфи Муншӣ («Таърихи муқимхонӣ). Муҳаммад Аминп Бухороӣ («Убайдуллонома»). Муҳаммад Вафои Карминагӣ («Тӯҳфаи хонӣ»), Муҳаммад Яъқуб («Гулшал-ул-мулук»), Аҳмад Махдуми Дониш («Таърихчаи Бухоро») ва бисёр дигар муаррихон дар асарҳои худ воқеаҳои таърихии Осиён Миёнаро аз асри 10 то асри 19 тасвир кардаанд. Вале аксари асарҳои зикршуда таърихи шоҳу амирон мебошад. Дар онҳо дар бораи халқи меҳнаткаш — эҷодкори ҳақиқии таърих маълумотҳо каманд, аммо қатъи назар аз тамоми маҳдудияти худ асарҳои таърихии асрҳои гузашта барои муаррихони муосир чун маъхази пурқимат хизмат мекунанд. Илми ҳақиқии таърих дар Тоҷикистои танҳо баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябр ба вуҷуд омад. Муаррихони Тоҷикистои бо якҷоягии олимони республикаҳои советии бародарӣ дар асоси методологияи марксистӣ-ленинӣ масъалаҳои мухталифи таърихро тадқиқ намуданд. Таърихи муттасили халқи тоҷикро аз давраҳои қадим то давраи нав бори нахуст академик Б. Ғ. Ғафуров навишт. Олимони республика таърихи давраҳои қадим ва асрҳои миёна (Н. Неъматов, А. Ҷалилов, Б. А. Литвинский, В. А. Ранов, Ӯ. Бобоев, Ӯ. Пӯлодов), масъалаҳои ба Россия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна, сохти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ин давра (Л. А Сомёнов, С. А. Раҷабов, 3. Ш. Раҷабов, Б. И. Искандаров, А. М. Мухторов, Н. М. Акрамов, 0. Р Маҷлисов, Г. Т. Тӯхтаметов. Ш. Юсуфов. О. Боқиев, Н. Қосимов. И. Турсунов)-ро тадқиқ намуда як силсила асарҳо офариданд.
Бо кӯшиши муаррихони республика таърихи Револютсияи Кабири Социалистии Октябр. Револтсияи халқии Бухоро, барношавии Ҳокимияти Советӣ, ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон (С. Айнӣ, Б. И. Искандаров. Т. Каримов, Ғ. Ҳайдаров, М. Эркаев, К. А. Ғафурова. Ш.Ҷалилов). индустронӣ, ташаккул ёфтани синфи коргари Тоҷикистон (Ю. Л. Николаев, Т. Луғмонов. М. Алиҷонов. И. Сангинов. X. Холҷӯраев, Ҳ. Дӯстов) ғалаба ва тараққии сохти колхозӣ дар республика (Ҳ. Саидмуродов, Ҳ. Аҳмадов, X. Бобоева. Г. Наврӯзов, П. Антоненко. К. Марсаков, А, Раҳматуллоев, Ф.Иванов), Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Ҷ. Усмонов, Л. П. Сечина, А. Рустамов), тантанаи сиёсати миллии ленинӣ, революцияи маданӣ (М. Р. Шукуров, Ш. М. Султонов, Ҳ. Г. Гадоев, И. О. Обидов, А. Вишневский, А. Қодиров, С. Мухторов), масъалаи озодии занон ва иштироки онҳо дар сохтмони социализм ва коммунизм (М. Хонсуворова, Г. Ёқубов, Р. А Набиева, С. Назарова, Г. Мухторова, X. Сулаймонова) тадқиқ карда шудааст. Дар соҳаи этнографияи халқи тоҷик (М. С. Андреев, Н. Н. Ершов, М. Раҳимов, А. К. Писарчик, М. Ҳомидҷонова, И. Муҳиддинов) ва илми таърихшиносии республика (А. Г. Слонимский, Р. Масов) низ асарҳои бисёре эҷод шудаанд. Муаррихони реслублика дар тадқиқи таърихи халқҳои афғон (Ҳ. Назаров, Л. Темирхонов, Д. Саидмуродов, С. Шохуморов), Эрон (Қ. Асаддуллоев. Т. Муҳиддинов, Н. Мирзоел, Д. Исмоилов) ва ғайра низ саҳми муносибе гузоштаанд.
Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи таърих дар муассисаҳои махсус дар институтҳои таърихи Академияи Фанҳои СССР ва республика, дар «музейҳо, кафедраҳон таърихи мактабҳои олӣ, архивҳо, ҷамъияти муаррихон ва ғайра гузаронида мешавад. Ин муассисаҳо ғайр аз таълифи китобҳои илмӣ ҳуҷҷатҳои таърихии маъхазҳои таърихиро низ чоп мекунанд. Доир ба таърих журналҳои махсуси «История СССР», «Вопросы истории» ва ғайра нашр мешаванд.
М. Бобохонов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон …