Маълумоти охирин

ТАЪРИХ

ТАЪРИХ шеъреро гӯянд, ки дар таърихи рӯйдодҳои муҳими давр суруда шудааст. Аввалҳо таърихгуи нисбатан содда буд. Масалан, таърихи Кисоӣ:
Ба сесаду чихилу як расид навбати сол,
Чахоршанбеву се рӯз боқӣ аз шаввол.
Биёмадам ба ҷаҳон то чӣ гӯяму чӣ кунам,
Суруд гӯяму шодӣ кунам ба неъмату мол.
Аз асрҳои 11—12 сар карда таърих ба санъати мураккабу суханбозии маҳз табдил ёфт. Шарти асосии таърих ин аст, ки моддаи таърих бояд аз ҷиҳати мантиқ бо маънии шеър мувофиқати том дошта бошад.
Таърих хелҳои гуногун дорад: таърихи лафзӣ ё суварӣ. Рӯйдодҳо дар шеър на тавассути қимати ҳарфҳо, балки бо сухан ифода меёбанд. Масалан, таърихи Носири Хисрав:
Бигзашт зи ҳиҷрат паси сесад наваду чор,
Бигзошт маро модар бар маркази ағбор.
Таърихи маънавӣ — шоир калимаи таърих ё солро оварда хонандаро огоҳ менамояд, ки фалон калима, ибора, мисраъ ё байт моддаи таърих аст. Мир Ғуломалии Озоди Балгиромӣ дар вафоти Бедил гуфтааст:
Сару саркардаи арбоби сухан,
Аз ғамободи ҷаҳон хуррам рафт.
Гуфт таърихи вафоташ Озод:
«Мирзо Бедил аз олам рафт».
Арзиши ададии ҳарфҳои мисраи охирро ба ҳам ҷамъ кунем, соли матлуб (1721) ҳосил мешавад.
Таърихи том; таърихи ноқис (боқисулаъдод ё адхол); таърихи зоид (зоидулаъдод ё ихроҷ). таърихҳои зоид ва ноқис навъҳои таърихи маънавианд. Таърихро қитъаи таърих ҳам гуфтаанд.
Нигаред Моддаи таърих.
Адабиёт: Асадуллоев С. Оқилов М. Абҷад ва таърихҳо, Душанбе, 1972.
У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …