Маълумоти охирин

ТАРИҚАТ

ТАРИҚАТ (арабӣ — роҳ, равиш, мазҳаб), аз мафҳумҳои асосии тасаввуф буда, як зинаи ҳатмии такомули ахлоқию маънавии соликро ифода мекунад; одатан баъди шариат ва пеш аз ҳақиқат (баъзан маърифат) меояд. Истилоҳи Тариқат дар асри 9 пайдо шудааст,. Тариқат қоида, тала- бот ва зинаҳои махсус — мақомотро молик буда, ба тавба, сабр, шукр, хавф, риҷо, фақр, зӯхд, таваккул, муҳаббат ва амсоли ин тақсим мешавад. Дар ин марҳила мурид бояд иродаи худро комилан ба ихтиёри муршид дода, барои худшиносӣ кӯшиш намояд.

poem-or-sufi-4sufi

Дар Тариқат солик ба тарзи руҳони ва риёзати ҷисмонӣ аз паи шинохти худо мешавад. Мувофиқи талаботи Тариқат сӯфӣ бояд нақди моддиёти шахсияти худро, ки монеаи асосии вусули ҳақ аст, сарфи маърифати вуҷуди мутлақи рӯҳонӣ гардонад. Усулу қоида ва марҳилаҳои Тариқат вобаста ба талаботи силсилаҳои сӯфия тағйиру такмил ёфтаанд. Масалан Саъдӣ дар куллиёташ ҷиҳати ирфонии Тариқатро сарфи назар карда, тамоюли иҷтимоии онро тақвият додааст:
Тариқат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далк нест.
Тариқат ва талаботи он моҳиятан иртиҷоӣ буда. ғайрифаъолӣ, афтодаруҳӣ, мутеъ будан ва амсоли инро тар- ғиб менамояд. Ҷиҳати ҷолиби диққати Тариқат аз он иборат аст, ки дар вай баъзе унсурҳои нисбатан пешқадам доир ба тарбияи шахсият, риёзати ахлоқӣ, такмили маънавиёт ва худшиносӣ ҷой доранд. Тариқат-ро баъзан ба ҷои силсилаи тасаввуф низ истифода мебаранд. М. Султонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …