Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАРБИЯИ КОММУНИСТӢ

ТАРБИЯИ КОММУНИСТӢ

tarbiyai-kommunisti

ТАРБИЯИ КОММУНИСТӢ, як ҷараёни бомароми ташакули шахси ҳаматарафа рушдёфта, парвариши бинокори бошуури сосиализм ва коммунизмро гӯянд. Бо ҳам пайвастани омилҳои объектавию субъективи шарти зарурӣ ва гарави такомули бомуваффақияти тарбияи коммунистӣ аст. Шаклҳои асосии тарбияи коммунистӣ тарбияи идеявию сиёсӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ, эстетикӣ ва ғайра мебошанд. Тарбияи идеявию сиёсӣ донишу сарватҳои маънавии инсониярро дастраси омма гардонда, онҳоро ба садоқати бепоён ба кори сохтмони ҷамъияти коммунистӣ, оштинопазирӣ нисбат ба идеологияи буржуазӣ, ревизионизм, аҳкомпарастӣ, ислоҳотгарӣ ва сектантгарӣ ҳидоят мекунад. Ҷаҳонбинии коммунистӣ қонунияти объективиест, ки дар ҷараёни фаъолияти ҷамъиятии одамон ташаккул меёбад. Тарбияи коммунистӣ имконият медиҳад, ки ҳар кас дар зиндагӣ ва фаъолияти ҷамъиятии худ ба просесс ва қонунҳои объективии инкишофи ҷамъият дуруст сарфаҳм рафта, донишҳои худро дар амал татбиқ намояд ва мавқею мақоми худро дар ҷамъият дуруст дарк кунад.
Дар тарбияи коммунистӣ тарбияи меҳнатӣ мақоми махсус дорад. Тарбияи атеистӣ як қисми таркибии тарбияи коммунистӣ мебошад. Дар системаи тарбияи коммунистӣ тарбияи ахлоқи (нигаред Ахлоқ) нақши муҳим дорад. Дар одамон бедор карданн майлу рагбат ба зебоӣ, ташашули қобилияти дарки қонунҳои эстетикй ва встнфодаи онҳо дар эиндагй ваэи- фан тарбпяи эстетшсист.
Дастраси ҳамап аъаоёяи ҷамънят гардоппданп ғоя ва принсипҳои ҷаҳонбинии коммунистӣ пурра амалӣ грардидани нормаю принсипҳои Кодекси ахлоқӣ бинокорони коммунизм мазмун ва мақсади тамоми системаи тарбияи коммунистиро ташкил медиҳанд.
Тарбияи коммунистӣ тавассути муассисаҳои томактабӣ, оила, мактаб, ташкилоти пнонерп, муассисаҳои томактабии бачагона, мактабҳои миёнаи махсус ва мактабҳои олӣ, муассисаҳои маданию маърифатӣ, коллективҳои меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамаи ташкилотҳои партиявӣ, давлатӣ, комсомолӣ, иттифоқи касаба ва ғайра бо тарбияи коммунистӣии меҳнаткашон машғуланд. Воситаҳои асосии тарбияи коммунистӣ адабиёт, санъат, матбуот, радио ва телевизион мебошанд.
С. Наврузов

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …