Главная / Гуногун / ТАРБЕДА

ТАРБЕДА

ТАРБЕДА, як навъ хӯроки чорвост, ки дар шароити герагетикӣ (ҳавоногузар) аз алафи пажмурда ё нимхушк (намиаш 50—55%) бо роҳи консервонӣ тайёр кунанд. Ашёи хоми Тарбеда алафзорҳои табиӣ ва кишта (лӯбиёиҳои пеш аз гулкунӣ даравшуда ва гиёҳҳои хӯшадори нав хӯшабаста) мебошад. Алафҳои лӯбиёиро барои тез пажмурда шуданашон паҳн мекунанд. Алафҳои нимхушкро дар комбайнҳои алафғундору резагар ва силосғундор майда мокунанд.

gov-chorvo

Тарбедаро дар манораҳои филизӣ ва оҳану бетонии ҳавоногузар ва инчунин дар манораҳои силосхобонии хиштию бетонӣ ё хандақҳои бетонкорӣ нигоҳ медоранд. Дар манораҳои баландиашон 16—18 м ва зиёда аз он тарбеда худ аз худ зер мехӯрад. Дар манораҳои нисбатан паст тарбедаро бо шиббакӯбак, дар хандақҳо бошад, бо тракторҳои тасмачарх зер мекунанд. Хӯроки чорво дар муҳлати хушк, ки садди афзоиши фаъоли бактерияҳо ва ҳавогузарию мағорбандӣ мегардад, консервонида мешавад. 100 кг тарбедаи себарга қариб 35—40 воҳиди хӯрокӣ буда, 4—5 кг протегини ҳозим, 450—460 г калсий, 200—220 г фосфор, 3000—4000 мг каротин дорад. Тарбеда дар пояи хӯроки гов силос на хасбеда ё хошокро пурра иваз карда метавонад.
А. Мадаминов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.