Маълумоти охирин

ТАРБЕЪ

ТАРБЕЪ, квадрант; 1) асбоби астронамии зовиясанҷест барон чен кардани баландии ҷирмҳои осмонӣ дар болои уфуқ ва масофаҳои кунҷий ҷирмҳои осмонӣ. Тарбеъ аз чаҳоряки доира иборат аст. Камони доира ба дараҷаҳо ва сонияҳо мунқасим буда, одатан дар ҳамвории амудӣ устувор карда мешавад.

quadrant

Дар гирди тири аз маркази доира гузаранда, ки ба ҳамвории доира перпендикуляр аст, хаткашаки диоптрдор ё ғулбаи биниш чарх зада метавонад. Дар расадхонаҳои астрономии Шарқ тарбеъҳои калони деворӣ истифода мешуданд. Дар охири асри 17 тарбеъ аз истифода баромад. 2) Муқобили ҳамдигар истодани ду ситора ба тавре ки фосилаи мобайни онҳо аз ҳиссаи чаҳоруми (рубъи) фалак, яъне аз се бурҷиборат бошад; ин вазъиятро наҳс мемедонистанд. Нигаред низ Саноати тануим.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …