Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАРАСОВА Алла Константиновна

ТАРАСОВА Алла Константиновна

tarasova-ak

ТАРАСОВА Алла Константиновна (6. 2. 1898, Киев —5. 4. 1973, Москва), Артисти Халқии СССР (4937), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1973). Аъзои КПСС аз соли 1954. Аз соли 1916 дар дастаи Театри бадеии Москва (МХТ). Шогирди К. С. Станиславский ва В. И. Немирович-Данченко. Ролҳои дар песаҳои А. П. Чехов — Аня («Олуболузор»), Соня, Елена Андреевна (Ваня-тағо»), Ирина, Маша («Се хоҳар»); дар песаҳои А. Н. Островский—Негина («Истеъдодҳо ва мӯътақидон»), Тугина («Қурбонии охирин»), Кручинина («Гунаҳгорони бегуноҳ»); дар песаҳои А. М. Горький — Татьяна («Душманон»), Варвара («Дачанишинон») ва ғайра бозидаи Тарасова қуллаи эҷодиёти уст. Дар кино низ иштирок кардааст: Катерина (Раъду барқ», 1934), Екатерина («Пётри 1», 1937—39) -ро бозидааст. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 3— 5). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1941, 1946— ду бор, 1947, 1949). Бо ду ордени Ленин, ордени Революсияи Октябр ва ғайра мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …