ТАРАНТУЛ, бӣ, як навъ тортанаки заҳрдор, аз рӯи таснифи илмӣ як гурӯҳи тортанакҳо аз оилаи Lucosidae. Тарантулҳо дар лонаҳои чуқур (то 60 см) зиядагӣ мекунанд; хӯрокашон ҳашарот аст. Дар СССР аз ҷумла Осиёи Миёна тарантулҳои русӣ (Lucosa- cingorientis) паҳн шудааст.
Дарозиаш то 3,5 см; дар биёбон, нимбиёбон ва бешадашт зиндагӣ карда, охири тобистон афзоиш мекунад. Тарантулҳои модина бачаҳои худро рӯзҳои аввали аз тухм баромаданашон дар пушташ бардошта мегардад. Ҷои газидаи тарантулҳо (ба газидани кофарору шабоҳат дорад) дард ва варам мекунад.
Намуди дитари тарантулҳо (тарантулҳои даштӣ) дар баъзе няоҳияҳои Тоҷикистон хеле кам дида мешавад.