ТАРАН

ТАРАН (ҳарбӣ), 1) силоҳи қадимаи муҳосиравист (ғулачӯбе, ки нӯки металлӣ дошт), ки онро барои вайрон кардани қалъа, дарвоза ва манора ба кор мебурданд. 2) Қисми зериобии киштиро гуянд, ки тавассути он ба киштии душман зарбаи таранӣ мезаданд; дар киштиҳои белдор, инчунин зиреҳпӯш нимаи 2- юми асри 19 ба кор мебурданд. 3) Як усули ҷанги ҳавоист, ки баъди ба охир расидани лавозимоти ҷангӣ бо винт ё боли самолёти худ ба самолёти душман зарба мезананд. Аввалин Таранро лётчики ҳарбии рус П. Н. Неотеров 8 сентябр 1914 дар Ҷанги якуми ҷаҳон ба ҷо овардааст. Оҳои Ҷанги Бузурги Ватани (1941—45) лётчикҳои қиркунанда бо усули Таран шумораи зиёди самолётҳои душманро зада ғалтонданд. 4) Зарбаи бевоситаест, ки махсусан танкҳои ваанин бо танаи худ ба мошинҳои зиреҳпӯши душман мерасонанд (вақте ки бо тӯпу оташ нобуд кардан имконнопазир аст).

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …