Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАРАҚҚИИ КАПИТАЛИЗМ ДАР РОССИЯ. Ҷараёни ташаккули болори дохилии саноати калон», асари В. И. Ленин

«ТАРАҚҚИИ КАПИТАЛИЗМ ДАР РОССИЯ. Ҷараёни ташаккули болори дохилии саноати калон», асари В. И. Ленин

«ТАРАҚҚИИ КАПИТАЛИЗМ ДАР РОССИЯ. Ҷараёни ташаккули болори дохилии саноати калон», асари В. И. Ленин (1899, нашри 2-и пуррааш 1908), ки дар он иқисодиёт ва сохти иҷтимоию синфии Россияи сеяки охири асри 19 баррасӣ шуда, «марксизми легалӣ» мавриди танқид қарор гирифтааст. Асар бо торумори ғоявии халқчиён итмом ёфтааст. Дар заминан таҳлили маълумоту далелҳои зиёд Ленин собит намуд, ки дар Россия капитализм ҳам дар заминдорӣ ва ҳам дар саноат тараққӣ кардааст. Ӯ хонахаробӣ ва ба буржуазияю пролетариати деҳот ҷудо шудани деҳқононро ба назар гирифта, оид ба революсияи наздикшудаистодаи деҳқонӣ хулоса баровард ва чунин нуктаро асоснок намуд, ки қувваи пролетариат дар ҳаракати таърихӣ назар ба мавқеаш дар байни омма беандоза зиёд аст. У ногузирии революсияро дар Россия, инчунин, қувваҳои ҳаракатдиҳандаи онро нишон дод.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …