Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии ТАНЗАНИЯ

Ҷумҳурии ТАНЗАНИЯ

ТАНЗАНИЯ, Реслубликаи муттаҳидаи Танзания (United Republik of Tazania), давлатест дар Африкаи Шарқӣ. Масоҳаташ 945,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 20 млн нафар (1984). Забони расмӣ— англисӣ ва сӯахилӣ. Аксари аҳолӣ дину оини маҳаллиро риоя мекунад. Аҳолии шаҳрӣ 7%. Марказаш шаҳри Доруссалом. Танзания— респуолика (аз апрели 1977). Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор — Парламеяти якпалатагӣ — Маҷлиси миллӣ.

1006121_tanzania
Қисми зиёди Танзания паҳнкӯҳ (баландиаш беш аз 1000 м) аст. Баландтарин нуқтаи мамлакат — вулқони Килиманҷаро (5895 м). Иқлим асосан экватории муссонӣ, ҳарорати миёнаи тобистон аз 20 то 27°С ва зпмистон аз 12 то 22°С аст. Боришоти солона 250—1500 мм. Дар сарҳади Танзания кӯлҳои Виктория, Танганика, Няса (Малави) ҷойгиранд. Ландшафташ асосан аз саванна ва бешаҳон сирак иборат аст. Якчанд боғи миллӣ (Серелгети, Лейк-Маняра ва ғайра) дорад.
Дар асрҳои 7—8 дар хоки Танзания арабҳо маскун шуданд; дар асри 16 португалиҳо омаданд, вале арабҳо онҳоро пеш карданд. Дар аввали асри 19 ҷазираи Занзибар ва соҳили қисми материкии Танзания дар зери ҳукмронии султонҳон Масқат буд; соли 1856 султонии мустақили занзибар барпо шуд. Соли 1884 Германтя қисми материкии Танзанияро забт кард. Баъди Ҷанги якуми ҷаҳои тобеи Британияи Кабир шуд, соли 1946 ин сарзамин бо номи Танганика ба зерн васояти Британиян Кабир гузашт. Соли 1890 Занзибар протекторати Брнтания эълон шуд. Декабри 1961 истиқлолияти Танганика ва декабри 1963 истиқлолияти Занзибар эълон гардид. Апрели 1964 (баъди революсияи зиддифеодалӣ дар Занзибар) Танганика ва Занзибар Реснубликаи Мутаҳидаи Танзания барпо карданд. Партияи ҳукмрон — Чама-Ча Мапиндузи (ЧЧМ, таъсисаш 1977) мамлакатро мувофиқи программаи тараққиёти ғайрикапиталистӣ пеш мебарад. Аз соли 1961 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.
Танзания мамлакати аграрист. Зироати асосии экспортиаш: пахта, қаҳва, сизал, кажу, қаранфул. Говпарварӣ (16,6 млн сар, 1982) соҳаи муҳимми чорводорист. Соҳаҳои саноат: истихроҷи алмос, хӯрокворию адвиёт, бофандагӣ, коркарди нефт, семент. Соли 1982-юм 825,8 млн кВт-с энергияи электр истеҳсол кард. Тӯли роҳи оҳан 4 ҳазор км, роҳҳои автомобилгард — 32 ҳазор км (1983). Бандари асосиаш Доруссалом. Ба хориҷа пахта, қаҳва, сизал, қаранфул. чормағзи кажу ва ғайра мебарорад. Шарикҳои асосии тиҷоратиаш: Британияи Кабир, РФГ, ШМА, Япония, Кения, Уганда. Воҳндн пул — шилинги танзанӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …