Маълумоти охирин

ТАНОФУР

ТАНОФУР (арабӣ — нафрат кардан, аз яқдигар дури ҷустан), танофури қуруф, иллатишеърро гӯянд, ки дар натиҷаи пай дар ҳам омадани овозҳо (ҳарфҳо)-и махраҷашон ба ҳам наздик ба вуҷуд меояд. Талаффузи ин овозҳо душвор аст ва ба гӯш сахт мерасад. Мувофиқи гуфтаи Родуёнӣ танофур ду хел мешавад: овозӣ (танофури ҳуруф) ва маънавӣ. Дар танофури овозӣ ба сабаби аз яқдигар дур будани ҳарфҳо ба забон овардани байт мушкил аст.

sher
Масалан:
Ба қурби қабри ғарибон гузар кунӣ, чӣ шавад?
Ин навъ танофурро муалллимон барои рост кардани забон (талаффуз)-и кӯдакон истифода мебаранд.
Навъи дигари танофур, ба ақидаи Родуёнӣ, ба робитаи маънавии мисраъ ва байтҳо алоқаманд аст, яъне маънии байтҳо ё мисраъҳо аз якдигар дур меафтанд. Ин ҳодиса дар як мисраъ ҳам воқеъ мешавад:
Чу нӯшӣ сабӯҳӣ, зи мо ёд кун!
Аксар адибон аз таносуби байни овоз ва матлаб, мавзӯъ, ғоя моҳирона истифода карда, шеърҳои дилкашу форам гуфтаанд. Аз ин шеъри Машучеҳрӣ тавассути овозҳои «х» ва «з» кас овози хазовро мешунавад:
Хезеду хаз оред, ки ҳангоми хазон аст,
Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.
Он барги равон бин, ки бар он шохи разон аст,
Гӯё ба масал пираҳани рангразон аст.
Деҳқон ба тааҷҷуб сари ангушт газон аст,
К-андар чаману боғ на гул монду на гулзор.
Р. Мусулмонқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …