Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАНОБОНА

ТАНОБОНА

ТАНОБОНА, як навъ андози заминро гӯянд, танобона дар Хуҷанд, Уротеппа, Исфара, Конибодом, Панҷакент, бекиҳои Бухорои Шарқӣ ва газ асрҳои миёна ҳамчун андози махсуси замин вуҷуд дошт. Азбаски таноб ченаки замин буд, андози заминро танобона меномиданд. Танобона аз таноб боғот, заминҳои обчакорӣ, пахтазор, алафзор ва ғайра ҳамчун андози догамии пулӣ ба ҳисоби миёна аз 4 то 20 танга гирифта мешуд. Танобона дар ҳар маҳал ҳар хел буд. Масалан, дар пимаи дуюми асри 19 аҳолии Хуҷанд аз 1 таноб замини юнучқа, ангур ва пахта 10 танга, 1 таноб полиза қариб 4 танпа Танобона медоданд. Мувофиқи маълумоти санадҳои таърихии ибтидои асри 20 дар аморати Бухоро аз 1 таноб юнучқа 5 танга, 1 таноб боғот 10 танга Танобона гирифта мешуд. Ҳангоми ситонидани Танобона майдони замин, ба бозор наздик будани он, миқдори дарахтҳои мевадор ва аҳамияти иқтисодии маҳалро ба ҳисоб мегирифтанд.
О. Боқиев, Ю. Бозоров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …