Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАННИНҲО

ТАННИНҲО

ТАННИНҲО (франсузӣ— tannin, аз tаnnеr—ош додани пӯст), як гурӯҳ пайвастҳои табииро гӯянд, ки бо сафедаҳо ва полимерҳои табиин дигар (селлюлоза, моддаҳои пектинӣ ва ғайра) банди мустаҳкам ҳосил мекунанд. Таннинҳо панвастҳои фенолӣ буда, дар растаниҳо бисёранд. Аввалҳо (охири асри 19) бо истилоҳи «таннин» омехтаи моддаҳои растанигиро ифода мекарданд, ки барои ош додани пӯст истифода мешуд. Алҳол ба Таннинҳо тамоми пайвастҳои табииеро, ки массаи молекулаашон аз 500 то З000 буда, адади зиёди гурӯҳи гидроксили фенолӣ доранд, мансуб медонанд (дар адабиёти муссир моддаҳои даббоғии наботиро таннидҳо низ меноманд). Таннинҳо 2 гурӯҳанд: гидролизшаванда — Таннинҳое, ки аз спиртҳои бисёратома (масаланд, глюкоза) ҳосил шудаанд; гидролизнашаванда ё конденсасияшуда — Таннинҳое, ки дар натиҷаи конденсасияи пайвастҳои фенолӣ (масалан, катехинҳо) ҳосил шудаанд.
Таннинҳо дар пӯстлох, тана ва баргу меваи растаниҳои барои дабборӣ истифодашаванда мавҷуданд. Онҳоро барои даббоғӣ, ранг кардани матоъҳои пахтагин, дар тиб чун моддаҳои афисӣ (рунчакунанда) ва маҳлули обии онро барои муолиҷаи ҷойҳои сӯхтагии пӯст истифода мебаранд.
ТАНОБ (арабӣ), 1) воҳиди ченаки замин дар Осиёи Миёна. Таноб дар хониҳои Осиёи Миёна ба чоряк гектар (0,25 га) баробар буд. Таноб 3600 газк мураббаъ (0,08104 га ё 900 м мураббаъ)-ро ташкил медод. Андозаи таноб вобаста ба маҳал ва замон тағйир меёфт. Масалан, миёнаи асри 19 дар бекиҳои аморати Бухоро таноб ба 2730, дар Тошкент 4050 м мураббаъ барооар буд; 2) ресмон, арғамчин, банд ресмони хайма.
Ю. Возоров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …