Маълумоти охирин

ТАНК

ТАНК (англисӣ (tаnк — цистерна, зарф), мошини ҷангии зиреҳпӯшест, ки бо ёрии тасмачарх ҳаракат мекунад. Лоиҳаҳои аввалини ҷунин мошинро (дертар онро Танк номиданд) дар Россия (1911—15) инженерони рус В. Д. Менделеев, А. А. Пороховщиков ва А. Васильев, дар Англия (1912) Де-Моль, дар Австро Венгрия (1913) Г. Бурштьн пешниҳод кардаанд. Англисҳо тирамоҳи 1916 чандин танк («Марка-1») сохта, онҳоро 15 сентябр аввалнн бор дар муҳорибаи назди дарёи Сомма истифода бурданд. Франсавиҳо танкҳои хурд «Шнейдер» ва «Сен-Шамон»-ро аввалин бор 16 апрели 1917 ба кор бурданд. Намунаҳои аввалини танкҳои немисҳо (А — 7 — V ва А -7 — VV) соли 1918 пайдо шуданд. Дар охири Ҷанги якуми ҷаҳон дар ШМА танкҳои вазнини англисии “Марка –V” ва “Марка VШ” (бо муҳаррики америкоӣ) ва танкҳои франсавии “Рено” бароварда шуданд. Аввалин танки советӣ (бо номи «Муборизи роҳи озодӣ рафиқ Ленин») 31 августи 1920 аз санҷиш гузашт. Аз соли 1928 истеҳсоли танкҳои сабуки МС-1 ба роҳ монда шуд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939—45) асосан танкҳои вазнашон миёна сохта шуданд. Аҳамияти танкҳои вазнинафзуда, аҳамияти танкҳои сабук кам шуд ва сохтани онҳо дар баъзе мамлакатҳо (СССР, Германия) қатъ гардид. Солҳои ҷанг дар заминаи танк дастгоҳҳои худгарди артиллерӣ (САУ) ба вуҷуд омаданд.

tank
Қисмҳои асосии танкҳои замонавӣ инҳоанд: корпуси зиреҳпӯш, гунбад, комплекси яроқу аслиҳа (аслиҳаи асосӣ ва ёрирасон, комплекти тиру дору), асообу афзори мушоҳидаву нишонгирӣ, дастгоҳи қувва (мотор), таҳвилӣ қуввагӣ (траномиссия), қисми гашт, ҷиҳози электрӣ, василаҳои алоқа, таҷҳизоти зиддисӯхтор, системаи ҳимоя аз яроқи атомӣ ва ҒАЙРА. Корпус ва гунбади танк ҳамаи ҷузъҳои онро муттаҳид мекунанд ва барои аз зарбаҳо эмин доштани экипаж, асбобу анҷом ва сӯзишворӣ пешбинӣ шудаанд. Дар гунбад аслиҳаи асосии танк ҷойгир карда мешавад. Гунбадҳоро бо ҳаракатовардҳои дастӣ, электри ё электрогидравлики тоб додан мумкин аст. Корпус ва гунбадро аз пӯлоди лигеронидашуда тайёр мекунанд.
Танкҳои ҳозиразамон экипажи 3—4 нафара, тӯпи калибраш 105—152 миллиметрӣ ва 36—48 т вазн дошта бо суръати 41—64 км/соат ҳаракат мекунанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …