Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАНК Максим

ТАНК Максим

ТАНК Максим (тахаллус; ном ва фамилия Евгений Иванович Скурко)(таваллуд 17. 9. 1912, деҳаи Пильковщина, раёни ҳозиран Мядели вилояти Минск), шоири белорус, шоири Халқии РСС Белорусия (1968), академики Академияи Фанҳои РСС Белорусия (1972), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1974). Аъзои КПСС аз соли 1936. Иштирокчии фаъоли ҳаракати роволюсионӣ дар Белоруссияи Ғарбӣ. Борҳо ҳабс шудааст. Маҷмуаҳои ашъори Танк «Дар давраҳо» (1936), «Ранги тути даштӣ» (1937), «Пеш аз мусобиқа» (1938), достони «Нарочь» (1937) ба муборизаи оммаи меҳнаткашон барои озодии ватан ҳикоят мокунанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ходими матбуоти фронтӣ ва партизанӣ буд. Дар ин давра достони «Янук Сялиба» (1942), маҷмуаҳои ашъори «Яроқҳоро тез кунед» ва «Аз байни осмони оташиниро (ҳар ду 1945) эҷод кард. Танк муаллифи асарҳои «Бояд донанд» (1948; Мукофоти давлатии СССР, 1948). «Дар санг, оҳан ва тилло» (1961), «Изи барқ» (1957), «Қути лоямут» (1962), «Як ҷуръа об» (1964), «Варақҳои тақвим. Рузнома», (1970), «Бигзор равшанӣ бошад» (1972) ва ғайра мебошад. Якчанд шеъраш ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 7—8). Котиби якуми Правленияи ИН РОСБ (аз соли 1966). Лауреати Мукофоти ленинӣ (1978). Бо се ордени Лении, ордени Революцияи Октябрь, 4 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …