Маълумоти охирин

ТАНГА

ТАНГА, ВОҲИДИ пулиест, ки аз филиз (тилло, нуқра, мис, никел, алтоминий ва ғайра) сикка зада, ҳамчун воситаи хариду фурӯш ва пардохт истифода мебараяд. Тангаи байзашакл ё мудаввар барои истифода мувофиқтар буда, дар муомилаи одамон маъмул аст. Аверс (руя), реверс (пасн он) ва гурт (канор)-и танга аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳар як танга тасвир (сабти унвон, ном, герби ҳоким) ва эзоҳот (таҳр ва давлатн сикказанандаи танга) дошт. Танга қариб дар як вақт (асрҳри 8—7 то мелод) дар давлати Лидия (Осиёи Хурд) ва ҷазираи Эгина (Юнони Қадим) пайдо шуд.

tanga
Дар Осиёи Миёна бори нахуст танга дар асри 3 то мелод бо ду усул сохта мешуд: дар қолаб филизи обкардаро мерехтанд ё филизи лӯндаро дар байли ду штемпел гузошта сикка мезаданд. Ҳанӯз дар асри 3 шоҳ Селевки I зарробии тангаро ба роҳ монда, дар рӯи он номи худаш ва писараш Актиохи 1-ро сабт карда буд. Дар давраи Юнону Бохтар Селевкиён тангаҳои худро доштанд, ки ба он ҳарфи аввали ном ва акси диодот сикка зада мешуд. Дар аҳди Диметрий бошад, тангаҳоро ба ду забон сикка заданд. Дар як тарафаш гирдогирди акси Деметрин ба забони ҳиндӣ катиба дорад. Аз наздикиҳои посюлкаи Панҷ тангаи Евкратид ёфт шудааст. Аз Осиёи Миёна, Афғонистон ва Ҳиндустон тангаи замони Кушониёнро ёфтаанд. Кадфизи II (238—278) ислоҳоти пул гузаронида, дар муомилот тангаи тиллоро ҷорӣ намуд. Дар давраи Кушониён (асрҳои 1—3) ва Сосониён (асри 3) дар Марв ва Ҳирот варробхонаҳои махсус мавҷуд буданд. Дар ин давра асосан танган мис ба муомилот мерафт. Пас аз ислоҳоти Кадфизи II чандин маротиба ислоҳоти пул гузаронида шуд. Дар давраи Сомониён тангаи тилло ба зару зевар ва мол табдил ёфт, тангаи нуқрагӣ — дирҳам дар муомилот истифода мешуд. Асрҳои 9—10 дар давлатҳои Тоҳириён ва Сомониён дирҳамҳои гуногун сикка зада мешуданд ва ҳар як намуди он ном (хоразмӣ, мусайямӣ, муҳаммадӣ, гитрифӣ) ва таъинот доштанд. Дар асри 9 ва хусусан асри 10 дирҳамҳои умумидавдатӣ бетасвирот буданд ва танҳо катибаи хати куфӣ доштанд. Дар асри 10 тангаҳои Исмоили Сомони пайдо шуданд. Баъди ислоҳоти пулие, ки Темур дар солҳои 80 асри 14 гузаронд, танҳо тангаи нуқрагӣ сикка зада мешуданд. Баъдтар дар Осиёи Миёна тангаҳои пулҳои калони нуқрагӣ, мисӣ чақа ном гирифт. Қурби танга дар замони мухталиф гуногун буд. Дар асри 19 дар аморати Бухоро як танга ба 15 тин ва дар хониҳои Хӯқавду Хева як танга ба 10 тини Россия баробар буд. Бо пайдо шудани пули коғазӣ қимати танга пасттар гашт. Аз сабаби аҳамияти зиёди иқтисодӣ надоштанаш тангаи тилло ва нуқра хеле кам бароварда мешуд.
Нахустин тангаи советӣ соли 1021, тангаҳои дар муомилот будаи ҳозира соли 1961 бароварда шудаанд. Дар рӯи тангаҳои советӣ дар байни хӯшаҳои гандум қимат ва соли истеҳсоли он, дар пасаш тасвири герби давлатӣ ва катибаи «СССР» сикка зада шудааст. Дар тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба ҷои қимати танга тасвироти заруриро сикка мезананд.
Танга яке аз сарчашмаҳои муҳими таърихӣ буда, дар ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи қадим мадад мерасонад. Ба тадқиқи Танга илми нумизматика машғул аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …