Маълумоти охирин

ТАНБУЛ

ТАНБУЛ, томул, томбул, тамбулӣ, танболӣ, пон, фулфулмия, бетел (Рipel betle), буттаест аз ҷинси мурч (оилаи мурчиҳо). Танбулзорҳои калон дар Индонезия мавҷуданд. Танбулро бештар дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африка ва Ҳиндустон мепарваранд. Мардуми ноҳияҳои тропикии Осиё ва Африка барги тару тозаи онро, ки бо номи «пон» маъмул аст, мехоянд (монанди тамоку нашъабахш аст). Пон оби даҳон, забон, ком ва лабро сурх мекунад. Бедил гуфтааст:
Боа аз пон гашт лаъли навхати дилдор сурх,
Ғунчааш омад бурун аз пардаи зангор сурх.
Танбул растании доруист. Бех, баргу мева, шираи онро дар тибби бисёр мамлакатҳо (чун доруи муқаввӣ ва ғайра) истифода мебаранд. Абӯалии Сино бо Танбул қуланҷ, ниқрис ва ташануҷи мушакро табобат мекард. Барги танбул тунд аст ва аз он равғани эфир (фенол, чавибетол ва чавикол) мегиранд. М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …