Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАНАЗЗӮЛ

ТАНАЗЗӮЛ

ТАНАЗЗӮЛ, регресс, дар табиати зинда, як ҷиҳати ҷудонашавандаи таҳаввул ва самти махсуси онро гӯянд. Вобаста ба дараҷаи ташаккули мавҷудоти зиндае, ки дар таназзӯл аст, ин ҷараён барои таҳаввул аҳамияти гуногун дорад. Кам шудани шумораи фардҳоро дар доираи намуд ё ягон гурӯҳи дигар, камшавии ареали онҳо, зергурӯҳҳо ва ғайраро А. Н. Сверсов таназзӯли биологӣ номидааст. Чунин таназзӯл ба маҳв гардидани гурӯҳҳо ё ба шаклҳри реликтики камёфт табдил ёфтани организмҳо сабаб шуда метавонад. Дар табиат таназзӯли биологии як гурӯҳ, ки қобилияти рақобатиашон нисбатан кам аст, аксар боиси инкишофи гурӯҳҳои дигар мегардад. Ҳангоми таназзӯли морфологию физиологӣ узвҳои алоҳида ва системаи узвҳои қобилияти мутобиқатиашотаро гум карда қисман ё пурра тахфиф мешаванд. Дар натиҷаи ин навъ таназзӯл организм ба аломат ё узвҳои дар шароити нави зиндагӣ нодаркор ва ҳатто зарарнок тиҳӣ мегардад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …