Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАНАЗЗУЛ

ТАНАЗЗУЛ

ТАНАЗЗУЛ (арабӣ — поиномадан, паст рафтан), регрес, як навъ инкишофро гӯянд, ки маънои аз олӣ ба паст гузаштанро дорад; моҳиятан ба ҷамъияти антагонистӣ хос буда, футур рафтани соҳаҳои гуногуни ҳаётро ифода мекунад. Таназзул дар формасияҳои антагонисти ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёт, аз қабили сиёсат, маданият, маориф ва ғайраро фаро мегирад. Дар формасияҳои мазкур ҳам таназзул ва ҳам инкишоф вуҷуд дорад. Дар давраҳои муайян таназзул афзалият пайдо мекунад. Таназзул меъёри умумӣ ва асосии муайян намудани тараққиёти ҳаёти ҷамъиятӣ буда наметавонад, зеро асоси инкишофи ҷамъияти инсониро прогресс ташкил медиҳад. Ҳатто дар сурати дар ҷамъият мавҷуд будани таназзул унсурҳои прогрессивӣ ҳамчун заминаи ҷамъияти нав тавлид мешаванд, баъзе соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бошад, ҳамоно инкишоф меёбанд. Масалан, таназзули феодализм пайваста ба пайдо шудани унсурҳои капиталистӣ ва таназзули капитализм ҳамвора бо инкишоф ёфтани ҳаракатҳои революсионӣ ба амал меояд. Аз тарафи дигар, дар давраи империализм баъзе соҳаҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷамъият инкишоф меёбанд. Ин нукта робитаи мутақобилаи таназзул ва инкишофро нишон медиҳад.
Сосиализм ягона ҷамъиятест, ки таназзулро умуман истисно мокунад. Ба ҷамъияти коммунистӣ инкишофи пешраванда ва мунтазам вусъатёбанда хос аст. Прогресси ҷамъияти коммунистӣ беохир, беҳудуд ва абадӣ хоҳад буд.
Ҳ. Соҳибназаров, А. Муҳаббатов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …