Маълумоти охирин
Главная / Биология / Ангури ТАНАСАФЕДАК

Ангури ТАНАСАФЕДАК

ТАНАСАФЕДАК як навъ ангури маҳаллиест. Баргаш 5-парраи майда, гулаш дуҷинса, хӯшааш ҳаҷман ҳархела (андаряк аз 139 то 186 г), донааш миёна, сабзи зардтоб, пӯсташ нафис, серобу ширин (қандаш 17,6%), 2—3 дона тухм (хокистарии гулобӣ) дорад. 42%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ, токаш камҳосил (аз ҳар га 30—70 с). Барои тархӯрӣ истифуда мебаранд. Асосан дар Ленинобод, Уротепша, Панҷакент ва вилоятҳои РСС Узбакистон— Фарғона, Тошкент ва Самарқанд мепарваранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …