Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАНАКОР

ТАНАКОР

ТАНАКОР, тетраборати натрий, NаВ4О7.10Н2O), намаки кислотаи тетраборатро номанд. Асосан дар шакли минерали сафед — тинкал (баъзан хокистарранг ва зард) мавҷуд аст. Зичиаш 1690—17210 кг/м3. Дар об ҳалшаванда (дар 10°С, дар 100 г об 1,6 г танакор ҳал мешавад). Маҳлули обии танакор хосияти ишқорӣ дошта, аз ҳаво СО2-ро фурӯ мебарад. Аз таъсири кислотаҳои зӯр вайрон мешавад. Танакорро ҳангоми кафшер истифода мебаранд, чунгаи танакори гудохта оксиди металлҳоро ҳал намуда, сатҳи металлро тоза мекунад. Аз танакор навъҳои махсуси шиша (шишаи оптикӣ), сир ва ғайра тайёр мекунанд. Онро барои ошдиҳии пӯст, дар хоҷагии қишлоқ чун микронурӣ ва дар тиб чун доруи антисептикӣ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …