Маълумоти охирин

ТАМСИЛ

ТАМСИЛ (арабӣ — мисол овардан), 1) яке аз санъатҳои бадеии маънавист дар адабиёти тоҷик. 2) порчаҳои шеърӣ, манзумаҳое, ки дар дохили достонҳо, асарҳои насрӣ омада, ягон воқеаи пандомӯз, масал, афсонаҳои ҳикматомеэи халқӣ, ҳикоя ва латифаҳоро дар бар мегиранд. Тамсил ҳамчун ҳикояти хурди рамзӣ дар адабиёти классикии форс тоҷик маъмул буд; дар адабиёти советӣ низ намунаҳои онро дидан мумкин аст. Дар маснавиҳои Саноӣ, Низомӣ, Аттор, Ҷалолуддини Румӣ, Ҷомй ва дигарон.

sher

Тамсилҳои фаровоне оварда шудаанд. Дар адабиёти советии тоҷик А. Лоҳутӣ («Паҳлавон Оштӣ», «Достони мардистон» ва ғайра), М. Турсунзода (оғози «Қиссаи Ҳнндустон»), М. Миршакар (ҳикояти марди богбон дар шеъри «Гулдастаи санъат»), Ғаффор Мирзо ва дигар аз Тамсил истифода кардаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …