Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАМОКУКОРӢ

ТАМОКУКОРӢ

ТАМОКУКОРӢ, тамокупарварӣ, як соҳаи растанипарвариро гӯянд, ки ба киштукори тамоку машғул аст. Дар Тоҷикистон ба киштукори тамоку бори аввал соли 1931 дар раёнҳои Панҷакент, Айнӣ сар карданд. Баъдтар дар ноҳияҳои ВАБК ва раёни Ленин низ тамоку киштанд.

0fd9782b2b3d

Дар республика соле беш аз 124.9 ҳазор с (1979) барги тамоку (аз ҳар га андаряк 28,6 с) меғундоранд. 65%-и ҳосили умумии тамокуро дар Панҷакент ҷамъ меоранд. Колхозҳои пешқадами ба номи А. А. Жданов ва «Ленинград» (Панҷакеят) аз ҳар га то 44—46 с ҳосил мебардоранд. Дар республпкаи мо бештар навъхои «Дюбеки қирғизии 03—4—15» ва «Дюбеки қирғизии 2898»-ро мекоранд.
Нигаред низ Саноати тамоку.
Адабиёт: Рекомендации по возделыванию и послеуборочной обработке табака в Таджикской ССР, Душанбе, 1972.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …