Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАМОКУКАШӢ

ТАМОКУКАШӢ

ТАМОКУКАШӢ, нафас гирифтани дуди тамокуро гӯянд. Тамокуро охири асри 15 X. Колумб аз Америка ба Испанияю Португалия овард. Дар аввал чун растании ороишӣ, баъд барои кашидан истифода мешуд. Барги хушку кӯфтаи онро мебӯиданд. Истифодаи зиёди тамокӯ боиси заҳролудщавии одамон гашт. Аз ин рӯ дар як қатор мамлакатҳо (масалан, Англия) тамокуро манъ карда, ҳатто тамокукашҳоро ҷазо медоданд. Тамоку дар Россия асри 17 пайдо шуд ва соли 1649 шоҳ Аленсей Романов дар манъи тамоку қарор баровард. Тамоку баъди аз тарафи Пётри I иҷозат шудани фурӯши тамоку авҷ гирифт.

tamokukashi
Тамоку ба организм зарари калон дорад. Ҳангоми нафас гврифтаин дуди тамоку сири дандон осеб ёфта, кариес (нигаред Кариеси дандон), стоматит ва гингивит пайдо мешавад. Зимни тамоку одамон дучори касалиҳои сил, неврит, ташаннуҷи рагҳо, гипертония, атеросклероз ва бемориҳои музмини даҳон, забон, ҳалқ, гулӯ, бронхҳо ва ғайра мегарданд. Аз таъсири мунтазами никотин асабияи вегетативӣ номураттаб гашта, шираи меъда ва туршиаш меафзояд; ин боиси газак ва захми меъда мешавад. Дар таркибик дуди тамоку ғайр аз никотин моддаҳои дигари зарарнок (масалан, моддаҳои омософар ва ғайра) низ ҳастанд. Одамони дар як рӯз то ду қуттӣ тамоку мекашидагӣ нисбат ба одамоне , кн тамоку намекашанд, 20 маротиба зиёдтар ба саратони шуш гирифтор мешаванд. Тамоку боиси бемориҳои саратони лаб, даҳон ва хирной низ мегардад. Дуди тамоку ба одамони атроф низ зарарнок аст. Тамоку махсусан ба занҳои ҳомила зарар дорад, зеро никотин ба хун гузашга, ҷанинро заҳролуд мекунад. Тадқиқоти илмии солҳои охир муайян кард, ки дуди тамоку боиси иллати фаъолияти босира шуда метавонад. Барои муолиҷаи никотинизм (муддати зиёд аз тамоку заҳролуд шудан) психотерапия, психопрофилактнка, инчунин баъзе доруҳо (табекс, лобесил ва ҒАЙРА) муфиданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …