Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАММ Игорь Евгеньевич

ТАММ Игорь Евгеньевич

tamm-ie

ТАММ Игорь Евгеньевич (8. 7. 1895, Владивосток—42. 4. 1971, Мо- сква), физики совети, академики АФСССР (1953, аъзо-коррспондент 1933), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1953). Баъд аз хатми Университети Москва (1918) дар як қатор мактабҳои олӣ, аз ҷумла дар Университети давлатии Москва (1924—1941, 1951- 71) дарс гуфт. Солҳои 1934—71 дар Институти физикаи Академияи Фанҳои СССР кор кард. Асарҳояш асосан ба физикаи ядро, назарияи афканишот, физикаи ҷисмҳои сахт ва физикаи зарраҳои элементарӣ оиданд. Яке аз муаллифони назарияи шуоъафкании Черенков — Вавилов. Муаллифи курси «Асосҳон назарияи электр» (1929, нашри 8, 1966) аст. Муассиси як мактаби маъруфи физикони назариётчӣ. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1946, 1953) ва Мукофоти нобелӣ (1958). Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …