Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАМКИН Абдурраҳмон

ТАМКИН Абдурраҳмон

ТАМКИН Абдурраҳмон (1851, деҳаи Бӯрёбофи Бухоро—4915, Бухоро), шоири тоҷик. Пас аз таҳсил мударриси мадрасаи «Дорушшифо»-и Бухоро таъин шуд. Муддате дар хизмати дарбор буд, вале муҳити он ҷо ба табиати шоир мувофиқ наомад ва ӯ тарки хидмат кард. Тамкин аз худ мероси зиёде боқӣ гузоштааст: 1. Девони қасоид ва ғазалиёт, ки аз 184 байт қасоид ва 3204 байт ғазалҳои гуногунмавзӯъ фароҳам омадааст. 2. «Ганҷи шойгон» — маснавиест шомили 18 фасл ва 14 боб, ки дар мазаммати бухлу ҳасад ва кибру ғурур гуфта шудааст. 3. Маҷмуи «Рубоиёт», ки 488 рубоӣ, 1468 муфрадот, 7 чистон, 6 муаммо. 15 байти парокандаро дар бар мегирад. Дар рубоиёти шоир ҷанбаи танқидӣ бештар ба назар мерасад. 4. «Ҷароид», ки аз 305 қитъаи пандомез иборат аст. 5. «Гулистон» — асари панду ахлоқӣ дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ, 4 қитъаи манзум ва 76 ҳикоят дорад. Хулосаи ҳар як ҳикоя бо қитъае ҷамъбаст тардидааот. 6. «Матолеъ-ул-фохира ва матолиб-уз-зоҳира» — асарест нотамом, ки аз 44 матлаъ, 1 таҷаллӣ, 1 шаъшаа ва 4 нумоя иборат буда, гоҳо бо қитъаҳо зинат ёфтааст. Ин китоб, ки манбаи муҳимми адабӣ ва таърихист, кушише барои навиштани таърихи муфассали Бухоро будааст. Илова бар ин асарҳо ашъори парокандаи шоир дар тазкираву баёзҳои асри 19—ибтидои асри 20 дарҷ ёфтаанд. Ҳамчунин, дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам аз «Ҷунайди лаолӣ» ном асари Тамкин ёдоварӣ мешавад, ки ҳанӯз дастрас нагардидааст.
А. Ҷонфидо.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …