Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ

ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ

ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, дар СССР системаи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодиест, ки давлат барои таъмини моддии гражданҳо ҳангоми пирӣ ва гум кардани қобилияти корӣ, ҳаматарафа таъмин намудани модарону фарзандон, хизматрасонии тиббӣ ва табобат муқаррар намудааст. Нафақа ва ёрдампулӣ шаклҳои муҳимтарини таъминоти иҷтимоӣ мебошад, Дар таъминоти иҷтимоии пиронсолон ва инвалидҳо хизмати иҷтимоӣ мавқеи муҳим дорад. Шумораи зиёди хона-интернатҳо, аз ҷумла хонантернатҳои бачагона инвалид дар таъминоти пурраи давлати буда, бепул ё бо як қатор имкониятҳо ба истифодабарӣ додани воситаҳои нақлиёт ба инвалидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъзе категорияҳои дигари нафақахӯрон ба нақлиёти дохилишаҳрӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ва обӣ, инчунин барои манзил, хизмати маишӣ, андоз ва ғайра додани итиёзҳо шаклҳои асосии хизмати иҷтимоианд. Органҳои таъминоти иҷтимои дар ихтиёри худ техникуму интернатҳо, мактабҳои касбҳои техникӣ-интернатҳо доранд, ки инвалидон дар онҳо касб омӯхта, баъди хатми онҳо дар истеҳсолот кор мекунанд.

tashkilothoi-jamiyati

Таъминоти иҷтимои инчунин ёрии бепули тиббӣ, нигоҳубини бепул дар касалхонаҳо, табобати санаторию курортӣ, шаклҳои давлатию ҷамъиятии нигоҳубини кӯдакон дар яслиҳо боғчаю хонаҳои бачагон, лагерҳои пионерӣ, санаторияҳои кӯдакон ва ғайро дар бар мегирад.
Дар мамлакатҳои капиталистӣ таъминоти иҷтимои дар натиҷаи муборизаи шадиди синфи коргар ҷорӣ шудааст. Дар мамлакатҳои мазкур маъмулан се системаи таъминоти иҷтимоии давлатӣ вуҷуд дорад: 1) суғуртаи иҷтимоӣ, ки системаи аз ҳама интишорёфта буда, аз маоши коргарони кироя ба таври ҳатмӣ ҳаққи аъзогии суғуртавӣ гирифта мешавад ва ба онҳо новобаста ба аҳволи моддиашон нафақа ё ёрдампулӣ дода мешавад. 2) Брдам- пулии давлатӣ аз буҷети давлат фақат ба онҳое пурра дода мешавал, ки баьди муқаррар кардани даромади ҳамаи аъзоёни оила, расман шахсони василаҳои иҷтимоӣ надошта шинохта мешаванд. Таъини ин намуди ёрдампулиро органҳои маъмурӣ ба амал мебароранд. 3) Системаи «универсалӣ» дар соҳаи таъминоти нафақа бештар дар Швеция, Финляндия, Норвегия, Канада ҷой дорад. Мувофиқи он ҳамаи гражданҳое, ки ба синну соли нафақа расидаанд, маъюб шудаанд ё бепарастор мондаанд, ба гирифтани нафақа ҳуқуқ доранд. Ҳаҷми нафақа барои ҳама якхела буда, маблағи ночизро ташкил медиҳад. Нафақапулӣ аз ҳамаи гражданҳо (аз 18-солагӣ то ба синни нафақа расидан), бо роҳи андози махсус ҷамъ оварда мошавад. Ҳамаи системахои таъминоти иҷтимоии буржуазӣ аз таъминоти иҷтимоии дар СССР мавҷудбуда ба куллӣ фарқ мекунанд. Зеро дар ягон мамлакати капиталистӣ роҳбарии таъминоти иҷтимои дар ихтиёри меҳнаткашон нест ва сину соли ба нафақа баромадан нисбат ба СССР 5—10 сол зиёд аст.
Адабиёт: Андреев В. С. Право социалного обеспечения в СССР, Москва, 1974.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …