ТАЪМИНОТИ ГАЗ, бо сӯзишвории газӣ таъмин намудани эҳтиёҷоти хоҷагии халқро гуянд. Газҳои табиӣ (газҳое, ки аз конҳои сирф газдор, гааҳои конҳои нефт ва конҳои конденсат гирифта мешаванд) ва сунъи (газҳои буғронии хушк ва газҳои генератор) маъмуланд; газҳои сунъиро нисбатан кам истифода мебаранд. Шабакаҳои марказонидашуда ва маҳаллии таъминоти газ мавҷуданд. Шабакаҳои тақсимотии таъминоти гази марказонидашудаи шаҳрҳо аз шабакаҳои газии фишорҳои паст миёна ва баланд, станцияҳои танзими газ, пунктҳои назоратию танзимӣ, пункт ва дастгоҳҳои танзими газ таркиб ёфтаанд.
Аз рӯи зинаҳои фишор шабакаҳои таъминоти газ ба шабакаҳои ду, се ва бисёрзинагӣ ҷудо мешаванд. Барои бартараф намудани номунтазами мавсимии таъминоти газ дар наздикии шаҳрҳо газанборҳо месозанд ва онҳоро ба сиютемаи таъминоти газ пайваст мекунанд. Биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои коммуналию маишии шаҳрҳои хурд ва маҳалҳои аҳолинишинеро, ки аз газопроводҳои магиотралӣ дуранд, бо газ тавассути шабакаҳои маҳаллии таъминоти газ таъмин менамоянд; дар ин ҳол гази фишурдашуда (гази моеъ)-ро дар зарфҳои махсус ба истеъмолкунандагон мефиристанд.
Адабиёт: Ионин А. Л., Газоснабжение, Москва, 1975; Скафтимов Н. Л., Основы газоснабжения, Л.. 1975.
Л. Сулаймонов.