Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАМҒАИ ҲАЙВОНОТИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

ТАМҒАИ ҲАЙВОНОТИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

ТАМҒАИ ҲАЙВОНОТИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ, рақам ва аломатҳои шартиест, ки бо мақсади баҳисобгирии саршумор, фарқ кардани яке аз дигаре ва барои донистани он, ки ба кадом хоҷагӣ тааллуқ дорад, ба ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ мегузоранд. Ба ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ бо усулҳои зерин тамға гузошта мешавад: 1) Вашмгузорӣ ба гӯш. Бо ёрии анбӯри вашмгузорӣ ба пӯсти даруни гӯши ҳайвон (8 берун дар хук) вашм гузошта, ба ҷои сӯрох ранги зуд хушканда ва шустанашаванда (дудаи қиёми ғализи спиртӣ, нил ва ғайра) мемоланд.

tamghai-h-xoj-kishlok
2) Аз рӯи системаи шартӣ-рамзӣ бо калид ба гуши ҳайвон нишон мегузоранд, ки ҳар кадоми он рақами муайян дорад.
Ба гӯш гузоштани нишони рамзи.
Аломати нишонаҳон шартирамзӣ дар хоҷагиҳо ва мамлакатҳон гуногун хархела буда, хондани рақамҳои онҳо душвор аст. Бинобар он дар ҳуҷҷати ҳанвони зотӣ аломати шартии тамғаи он нишон дода мешавад.
3) Биркагузорӣ — ба гуши ҳайвон мустаҳкам кардани «гӯшвора» (бирка, кнопка)-и рақамадори филизи ё пластмассӣ. 4) Тамғагузории гарм — ба воситаи мӯҳри филизии тафсон (ба сағрӣ 8 шона) ё бо асбобҳои махсуси электрӣ (ба шох) гузоштани рақам ё нишона (тавра); тамғагузории хунук — мӯҳри филизи (тавра)-ро то —79Х ё —196°С хунук карда, ба бадани ҳайвон тамға мезанаад. 5) Ҳалқабандӣ — ба пои ҳайвон бастани ҳалқаи филизӣ ё пластмассии рақамдор (баъзаи ҳалқаҳои ранга); асосан дар паррандапарварӣ ва баъзан дар гӯсфандпарварӣ ба кор мебаранд. Рақамҳои ба ҳайвонот гузоштаро ба дафтари қайд менависанд. Камбудии аксар навъҳои тамға ин аст, ки онҳо доимӣ нестанд. Бинобар ин рақамҳои ба қайдгириро ҳар сари чанд вақт иваз карда меистанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …