Маълумоти охирин

ТАМАРА

ТАМАРА (тақрибан миёнаҳои солҳои 60 асри 12— аз рӯи маълумотҳои аниқшуда 1207), маликаи Гурҷистон дар солҳои 1184-1207. Дар аҳди Тамара Гурҷистон ба муваффақиятҳои калони ҳарбию сиёсӣ ноил шуд.

queen-tamar-676x450

Қӯшунҳои гурҷиён дар задухӯрди назди Шамхор бар атобаки озарӣ Абубакр ва иттифоқчиёни ӯ (1194), дар задухӯрди назди Басиани бар султони Рум Рукнуддин (1202) ғолиб омада, Карсро(1204) гирифтанд ва қариб тамоми Закавказияро ба зери ҳукми Тамара дароварданд. Дар заминҳои аз Византия ҷудо карда гирифташуда Империяи Тарабзон ба вуҷуд омад, ки он муддати мадид зери таъсири сиёсии Гурҷистон буд.
Дар аҳди Тамара роҳҳо, пулҳо, корвонсаройҳо, қалъаҳо, калисою дайрҳо сохта шуданд. Тамара ҳомии илму санъат буд. Қасидаҳои шоирон Чахрухадзе ва Шатвели, достони «Палангинапӯш»-и Ш. Руставили ба ӯ бахшида шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …