Маълумоти охирин

ТАМАЪ

ТАМАЪ (арабӣ—ҳирс, чашмдошт), 1) ба маънии истилоҳия калима кӯшиши бо ҳар роҳ молу мулк ба даст оварданро гӯянд. Дар ҳуқуқ яке аз нишонаҳои ҷиноят дониста мешавад. Дар ҳуқуқи ҷиноятии советӣ тамаъ вазъест, ки масъулияти гунаҳкорро зиёд мекунад. Тамаъе, ки ба ошкор намудани маълумоти бадномкунанда ва ё зӯрӣ асос меёбад, шантаж меноманд.

tama-pul

2) Ба маънии лафзӣ бо ҳирс ба чизе чашм дӯхтанро номанд. Ҳарисӣ ва тамаъро мутафаккирон дар афкори ахлоқӣ ва бисёр намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик дар ашъорашон мавриди таъну мазаммат қарор додаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …