Маълумоти охирин
Главная / Биология / Талхакгиёҳ

Талхакгиёҳ

ТАЛХА, талхак, талхакгиёҳ (Асportilon), як ҷинси гиёҳҳои талхро гӯянд, ки ба оилаи мураккабгулҳо мансуб аст. Хеле чуқур реша меронад (то 6 м). Пояаш рост, сершохубарг, то 60 см қад мекашад. Баргаш майдаи борики нӯгтез, шукуфааш гулобӣ ё бунафши гулобӣ, найчашакл, дуҷинса (июн-июл мешукуфад). Июл август тухм мебандад.

post-12150-1415477444

Талха ду навъ (А. аustrale ва А. гереns) аст. Дар Осиёи Миёна ва ҷануби қисми европоии СССР фаровон аст. Дар нишебиҳои кӯҳ, дашту саҳро, заминҳон бекорхобидаву канори роҳҳо мерӯяд. Талха асосан аз бехҷаст зиёд мешавад, ба камобию шӯрхок тобовар аст. Чун алафи бегона махсусан ба пахта, ғалладона (гандум, ҷав, зағир ва ғайра) ва боғу токзор зарар мерасонад. Агар хошоки чорво 5% талха дошта бошад, асп ва шутур заҳролуд мешавад, аммо ба гусфанд ва буз чандон зарар намеоварад. Барои нест кардани талха заминро чуқур шудгор ва якчанд маротиба култивасия карда, гербисид мепошанд. С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …