ТАЛМУД

ТАЛМУД (аз яҳудии қадим «ламейд» — омӯзиш, таълимот), маҷмӯи адабиёти динии яҳудист; китоби муқаддаси яҳудюён, ки дар асрҳои 4 то мелодӣ—5 мелодӣ ба вуҷуд омадааст. Аз ду қисм иборат буда, қисми аввал Мишна (таълимоти «шифоҳӣ», ки дар Фаластин ба забони қадимаи иҳудӣ таълиф шудааст) ва қисми дуюм — «Гемара» (шарҳу тафсили Мишна) ном дорад.

talmud

Мишна аз шаш шӯъба иборат буда, 63 рисоларо дар бар мегирад. Мишна дар давраи эллинизм пайдо шудааст; муаллифонаш мақсад доштаанд, ки яҳудиёнро аз таъсири маданияти юнониҳову римиҳо ва халқҳои Шарқ озод намоянд. Аз тарафи дигар, дар натиҷаи дигаргуниҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва кашмакашҳои сиёсӣ бисёр талаботи Аҳди Қадюм (аксар онро «Тора» ё «Панҷкитоб»-и Мӯсо мегӯянд) ба тарзи зиндаши яҳудиёни асрҳои охири аҳди то милод мувофиқат намекард. Ба ҳамин сабаб раввинҳон яҳудӣ барои мувофюқ намудани Аҳди Қадим ба талаботи замон тафсиру таълимоти гуногунро бо номи Мишна тартиб доданд. Дар ибтидои асрҳои аввали милод ба Мишна боз тафсирҳое илова гардид, ки ба он Гемара ном доданд. Ҳамин тавр тафсирҳои Мишна ва Гемара Талмудро ташкил карданд. Азбаски тафсирҳои Таврот ва Мишна дар ду ноҳия — Фаластин ва Бобулистон ба вуҷуд амаданд, ду намуди Талмуд— уршалимӣ ва бобулӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Талмуд маҷмӯи ҷаҳонбинӣ, сарчашмаи адабӣ, таърихӣ, динӣ, фолклорӣ, асотирӣ ва мадании халқҳои Шарқи Наздик мебошад.
Талмуд моҳиятан зиддиилмӣ ва иртиҷоист. Б. Спиноза ва дигар моҳияти, иртиҷоии Таврот ва Талмудро нишон дода, ғояҳои зиддилмии онро фош намудаанд. Имруз, ки оини яҳудӣ дар Исроил ба мақоми дини данлатӣ бардошта шудааст, Талмуд асоси ҷаҳонбинии гражданҳои ин давлат ба шумор меравад. М. Мирраҳимов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.