Маълумоти охирин

ТАЛМЕҲ

ТАЛМЕҲ (арабӣ — ҷастани барқ), як навъ санъати бадеист. Ба қавли Шамси Қайси Розӣ, талмеҳ бо алфози андак бар маонии бисёр далолат кардан аст. Масалаан, шоир бештар ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, ба намҳои шахсони мӯътабар ва осори онҳо ишора намуда, ба ин восита ба тарзи мӯҷаз фикри худро қувват мадиҳад. Ҳофиз бо ишорате аз қиссаи машҳури «Юсуфу Зулайхо» ёдаварӣ кардааст:
Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон,ғам махӯр,
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!
Талмеҳот аслан заминаи асотирии адабиёт буда, идеали ҷамъиятии замон, ин ё он кирдору рафтори инсон, амали шоистаи ибратро ифода мекунанд. Масалан, ёдоварӣ аз Ҳотам далели саховат, Юсуф — зебоӣ, Фарҳод — фидокорию меҳнат аст. Қисме аз талмеҳот бо қимати умумиинсониашон намирандаанд. Аз ҷумла дар асри 10 асоси талмеҳоти адабюётро асотир, афсона ва достонҳои қадюмии халқҳои эронинажод ташкил додаанд. Баъд дар адабиёт аз асотири араб, афсонаҳои халқӣ, ривоятҳон динии мазҳабӣ талмеҳоти зиёде пайдо шуданд. Талмеҳоти ганҷи бодовард, оинаи Искапдарӣ, ҷоми Ҷам, саги асҳоби каҳф, кини Сюёвуш, Дирафши ковиёнӣ ва ғайра маъхазҳои гуногун доранд ва аз воқеае, афсонае ё достоне хабар медиҳанд. Адабюётшиносони гузашта талмеҳро аз ҳунарҳои комили суханварӣ донюстаанд. Дар шеъри имрӯзаи советии тоҷик низ санъати талмеҳ маъмул аст. X. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …