Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАЛЛИЙ

ТАЛЛИЙ

taliy

ТАЛЛИЙ (лотинӣ Тhallium), Т1, элементи химиявии гурӯҳи III системаи даврии Менделеев; рақами атомӣ 81, массаи атомӣ 204,37; металли хокистарранг; ба элементҳои нодир мансуб аст. Дар табиат ду изотопи собит 203Т1; 29,5% ва 203Т1; 70,5%) ва ду изотопи радиоактивиаш (207Т1 ва 210Т1) маълум аст; изотопҳои зерини сунъиаш ҳосил карда шудаанд: 202Т1 (Т 1/2=12,5 шабонарӯз), 204Т1 (Т1/2= 4,26 сол) ва 203Т1 (Т 1/2 = 4,19 дақиқа) Таллийро соли 1864 физику химики алглис У. Крукс кашф кард ва соли 1862 химики франсавӣ К. О. Лами онро ҷудо намуд. Таллий 4,5·10-5%-и массаи қишри Заминро ташкил медиҳад. Дар табиат бештар пайвастҳои яквалента ва севалентааш вомехӯранд. Алҳол фақат 7 минерали он (круксит, лорандит, ва ғайра) маълуманд. Таллия металли нарм буда, дар ҳаво ба осонӣ оксид мешавад. 1 гуд. 303°С, t ҷӯшиш. 1’457°С. Дар кислотаи нитрат нағз ва дар кислотаи сулфат бад ҳал мешавад; дар кислотаҳои хлорид, бромид, иодид, фторид, мӯрча, оксалат ва сирко ҳал намешавад. Пайвастҳои асосиаш Т12О, ТI2О3 мебошанд. Пайвастҳои Таллий бештар дар техника истифода мешаванд. Сулфидҳо, оксисулфидҳо, селенидҳо, теллуридҳои Таллийро ба сифати компоненти масолеҳи нимноқилӣ ва Таллийи металлиро барои сохтани подшипникҳо истифода мебаранд.
Таллий дар бофтаҳои организми раставию ҳайвонот доимо мавҷуд аст. Ба организми одам ҳар шабонарӯз якҷоя бо хӯрок ва об 1,6 мкг ва бо ҳаво 0,05 мкг Таллий дохил мешавад. Мавқеи биологии Таллий дар организм то ҳол муайян нест.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …