Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАЪЛИМИ ПОЛИТЕХНИКӢ

ТАЪЛИМИ ПОЛИТЕХНИКӢ

ТАЪЛИМИ ПОЛИТЕХНИКӢ дар мактаб, қисми муҳими таркибии тарбияи коммунистӣ буда, хонандагонро бо назария ва амалияи асосҳои илмии истеҳсолоти замон ва хусусиятҳои муносибати ҷамъиятию истеҳсолӣ шинос мекунад. Таълими политехникӣ ба ташаккули маҳорату малакаҳои меҳнати ва касбинтихобкунии хонандагон мусоидат карда, онҳоро ба меҳнат тайёр менамояд.

talim

Таълими политехникӣ ба тарбияи маънавӣ ва ҷисмонӣ бори аввал дар мактаби таълими умумии советӣ пайваста шуд. Хонандагон ҳангоми машғулияти фанҳои табиатшнносӣ, ҷамъиятӣ машгулиятҳои факултативӣ, таълими меҳнат, кружокҳои техникӣ бо асосҳои илмии истеҳсолоти ҳозиразамон шинос (мешаванд. Ба ҳамин мақсад устохонаҳои таълнмию истеҳсолӣ, бригадаҳои истеҳсолӣ ва ҷангалпарварии хонавдагон лагерҳои меҳнатию истироҳатӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд. М. Раҳмонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …