Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАЛИ БАРЗУ

ТАЛИ БАРЗУ

ТАЛИ БАРЗУ, боқимондаи бошишгоҳи қадимаи суғдиён (масоҳаташ тақрибан 5 га) воқеъ дар наздикии Самарқанд; ҳангоми ҳафриёт (1906— 40) Г. В. Григорев 6 қабати маскуни Тали Барзуро ёфт ва бори аввал маданияти Суғд ба давраҳои археологӣ тақсим карда шуд. Бошишгоҳи Тали Барзу эҳтимол дар асри 2 ба вуҷуд омада бошад; дар марказаш қаср ва дар атрофаш биноҳои азим ҷой гирифта буданд. Биноҳои Тали Барзу аз похса ва хишти хом бунёд шудаанд.

tali-barzu

Ба болои онҳо биноҳои нав сохтаанд, ки аксарияташон ба аввали асри 3 тааллуқ доранд. Ҳар кадоми 6 қабати маскун намудҳои махсуси сафолҳо ва ҳайкалчаҳои хос доштаанд. Дар байни бозёфтҳои Тали Барзу порчаҳои хум бо тасвири Говмард (Тали Барзу —III), катибаҳои суғдӣ (Т. Б. —IV), аввалин зарфҳои сирдори суғдӣ (Тали Барзу VI) диққатангезанд. Тали Барзу дар сарчашмаҳо зоҳиран бо номи Ривдод, зикр ёфтааст, ки дар замони истлои араб (асрҳои 7—8) он ҷо қасрҳои ихшидҳои Самарқанд ва ҳокимони Суғд вуҷуд доштанд.
В. Я. Ставиский.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …