Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ТАЛДИҚӮРҒОН

Вилояти ТАЛДИҚӮРҒОН

ТАЛДИҚӮРҒОН, вилоятест (аз 23 декабри 1967) дар ҳайати РСС Қазоқистон Масоҳат 118.5 ҳазор км2. Аҳолиаш 694 хазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 42%. 12 район, 5 шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Таддиқӯрғон. Ҳарорати миёяаи январ —54], июл 25—27°6.

taldikurghon-p

Боришоти солона дар ҳамвориҳо 128 мм, дар кӯҳҳо то 700—800 мм. Дарёҳои асосӣ: Илӣ, Қаротол, Оқсу, Лепси. Кӯлҳои калонаш: Балхаш, Сассиқкӯл, Алокӯл. Соҳаҳои муҳими саноат: истихроҷи маъданҳои полиметаллӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук. Гандум, ҷав, ҷуворимакка, шолӣ, лаблабуи қанд, канаб, картошка, сабзавот мекоранд. Талас калонтарин ноҳияи гӯсфандпарварии республика мебошад, Бо ордени Ленин (1973) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …