Маълумоти охирин

ТАКЯҲО

ТАКЯҲО Такяҳо барои нигоҳ доштану маҳкам кардани конструксияҳои бобардории иншоот сохта мешавад. Такяҳо қувваҳои фишори як қисми иншоотро ба қисмҳои дигари он ё ба асос мегузаронанд. Косструксияҳои такядевор гуногунанд ва ба бузургиву характери қувваҳои фишор, андоза ва шаклҳои конструксияҳои борбардор, масолеҳ, шароити иқлим ва ғайра вобастаанд. Дар биноҳои истиқоматӣ, ҷамъияти ва саноатӣ болору қафасаҳо, деворҳо, сутунҳо, пояҳо, инчунин ҷои ба ҳам расидани болорҳо ва ғайра такяҳоро истифода мебаранд. Равоқу чорчӯбаҳо аксар ба таҳкурсии биною иншоот маҳкам карда мешаванд. Дар пулҳо ба сифати такядевор сутуну пояҳо хизмат мекунанд.

613756

Дар системаҳои милагии ҳамвор 4 намуди схемаҳои асосии такядеворро фарқ мекунанд: шарнирӣ (ё силиндри) -и мутаҳаррик, шарнирии беҳаракат, фишурдаи мутаҳаррак, фишурдаи беҳаракат. Такяҳои шарнирии мутаҳаррик имконият медиҳанд, ки системан маҳкамшаванда дар гирди меҳвари муайян тоб хӯрад 6 дар ягон самт ҷой иваз намояд (масалан, такяи ғелони пул). Реаксияи такягоҳ дар ин гуна такяҳо аз маркази шарнир мегузарад ва нисбат ба ҳамвории такя мӯътадил равона мебошад. Такяҳои шарнирии беҳаракат фақат нисбат ба вуқтаи такя тоб хӯрдани системаро имконпазир мегардонад. Реаксияи такягоҳ аз маркази шарнир мегузарад ва боду ташкилдиҳанда (амудӣ ва уфуқӣ) муайян карда мешавад. Такяҳои фишурдаи мутаҳаррик имконият медиҳанд, ки системаи маҳкамшаванда фақат дар самти муайян ҷой иваз намояд (бо ёрии чархҳо). Дар ин ҷо аксуттаъсири такягоҳ ба ҳамвории такя мӯътадил равона мебошад ва бо қувваи мӯътадили моменти такя муайян карда мешавад, такяҳои фишурдаи ҳаракат ҳама гуна ҷойивазкунии системаро номумкин месозанд. Реаксиял такягоҳ аз ташкилдиҳандаҳои уфуқию амудӣ ва моменти такя иборат аст.
О. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …