Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАКЯДЕВОР

ТАКЯДЕВОР

ТАКЯДЕВОР, иншоотеро гӯянд, ки барои аз фурӯрашӣ (фурӯрезӣ) нигоҳ доштани замин (хок)-и ноустувор сохта мешавад. Аксар дар сохтмони иншооти гидротехники ва пулсозӣ (бандаргоҳҳо, дарғот, қисми соҳилии сарбандҳо, мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёву каналҳо, такяҳои соҳили пулҳо ва ғайра, инчунин дар рохсозию бинокори (барои нигоҳ доштани заминҳои лағжанда ва фурӯрафта, таъмини устувории асоси роҳ ва ғайра истифода мебаранд.

613756
Такядеворро аз хишт, бетон, санг, оҳану бетон, металл, чӯб мосозанд. Аз рӯи баландӣ такядеворҳо паст (то 10 м), миёна (аз 10 то 20 м) ва баланд (зиёда аз 20 м) мешаванд.
Такядеворҳо сахт ё чандир мешаванд. Такядеворҳои сахтро аз оҳану бетон, бетони янлухт, блокҳои бетонӣ, санг, хишт, ғӯлачӯбҳо ва дигар масолеҳ месозанд. Такядеворҳои чандир бошад аз шпунтҳои чӯбӣ, металлӣ ё оҳанубетонӣ сохта мешаванд ва онҳоро маъмулан такядеворҳои шпунтӣ (меноманд. Такядеворҳои шпунтиро дар баъзе мавридҳо бо лангар мустаҳкам менамоянд. Лангар бояд берун аз ҳудуди замини лағжанда гузошта шавад.
А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …