Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТАКУР Робиндранат

ТАКУР Робиндранат

takur-r

ТАКУР Робиндранат (Тҳакур Робиндранатҳ) (7. 5. 1861, Калкатта — 7. 8. 1941, ҳамон ҷо), нависанда ва ходими ҷамъиятии Ҳиндустон. Аз оилаи заминдори калон. Дар зодгоҳаш ва Университети Лондон таҳсил кард. Солҳои 1878—80 дар Англия ба омузиши адабиёт ва мусиқӣ машғул гардид. Ба забони банголӣ менавишт. Солҳои 80 аз банди тақлид раҳоӣ ёфта, асарҳои тоза ба миён овард: романҳои таърихии «Соҳили Бибҳӣ» (1882), Роҷаи хирадманд (1887), маҷмуаи ашъори «Сурудҳои шомгоҳон» (1883), «Манзараҳо ва сурудҳо» (1883). Дар ин романҳо зулму истибдод ва нангу хунрезӣ маҳкум шудааст. Охири солҳои 80 ва солҳои 90 як силсила ҳикоёт ва шеъру драмаҳои фалсафӣ офарид. Такур дар асарҳояш аз вазъияти мавҷуда норизоӣ баён карда, роҳи муборизаи озодии Ватанро ҷӯё шуд. Муҳаррири журнали «Шадхона» («Дарки зиндагӣ») буд ва ансари асарҳояшро дар он ба табъ расонд. Соли 1891 аз ҳаёти деҳқонон, меҳнати вазнину тоқатфарсои онҳо ҳикояҳо офарид («Ҷазо», «Ҳакам», «Хоҳари калонӣ», «Озодӣ», «Товон» ва ғайра). Песаҳои манзуми ӯ «Роҷа ва ронӣ» (1889), «Қурбонӣ» (1890), «Читрангод» (1892), «Молини» (1895) ва ғайра танқиди баъзе расму оинҳои халқҳон Ҳиндустонро дар бар гирифтаанд. Аз охири солҳои 90 асри 19 ва ибтидои асри 20 дар эҷодиёти Такур тамоюли реалистӣ қувват гирифт. Дар романҳои иҷтимоию маишии «Регреза» (1902), «Завол» (1905), повести «Ошени харобшуда» (1903) ва ғайра таассуби динӣ ва вазъи мудҳиши беҳуқуқии занҳоро маҳкум кард. Ҳангоми болоравии ҳаракати миллию озодихоҳӣ, ки баъди ҷудошавии Бангола (1905) авҷ гирифта буд, Такур яке аз роҳбарони он шуда, шеъру мақолаҳои ватандӯстона навишт; журнали сиёсию иҷтимоии «Бҳандар» («Хазина»)-фо таъсис кард. Дар романи «Гора» (1907—10) ва драмаи «Мукофоти амал» (1909) ҳаракати миллию озодихоҳии халқҳои Ҳиндустон инъикос ёфтааст. Дар романи «Хона ва ҷаҳон» (1016) империализм сахт маҳкум шудааст. Такур ба СССР таваҷҷӯҳи зиёде дошт: 14 сентябри 1930 ба СССР амада буд ва дар «Номаҳо аз Россия» 1931) ба муваффақиятҳои фарҳангиву иқтисодии Иттифоқи Советӣ ва сиёсати сулхдӯстонаи он баҳои баланд дод. Такур, инчунин муаллифи романи «Чаҳор бахш» (1934); повестҳои «Ду хоҳар» (1933), «Гулистон» (11934); маҷмӯаҳои ашъори «Моҳуа» (1928), «Садои ҷангал» (|1931), «Анҷом» (1032), «Баргҳо» (1936), «Дар беморӣ» (1940), «Шеърҳои охирин» (1941) ва ғайра мебошад. Такур адиби навовар буда, адабиёти банголиро бо ҳикоятҳои реалистӣ, лирикии сиёсӣ ва романи иҷтимоии маишӣ ғанӣ гардонд ва дар адабиёти ҳинд ба реализми таиқидӣ асос гузошт. Шеъри Такур «Ҷони халқ» (1911) гимии миллии Ҳиндустон мебошад. Такур дар инкишофи забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мусиқӣ ва рассомӣ низ, саҳми калон гузошт. Бисёр ҳикояҳо — «Як шаби босаодат»(1927), «Қозӣ», «Қурбонӣ», «Мактуби зан» (1956); «Нокомӣ», «Хорӣ»1958); шеърҳо — «Гарди хок», «Машъала», «Нолаи най», «Модарам», «Бангола», «Суруди роҳ», «Муроҷиат ба шоир», «Умеди дили навмедшуда» (1958); песаи «Қурбонӣ»(1959); намунаҳо аз маҷмуаҳои «Боғбон» ва «Мурғони роҳгузар» (1961) ва романҳои Т. «Завол» (1958), «Гора» (1961) ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд.
Осор: Завол Роман, Сталинобод. 1958; Гора. Роман, Сталинобод, 1981; Сочнение, том 1—12, Москва, 1981—65.
А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …