Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Шаҳри ТАКСИЛА

Шаҳри ТАКСИЛА

ТАКСИЛА, Такшашила, шаҳри қадимест дар Ҳиндустон, мансуб ба асрҳои 6 то мелод—7 мелодӣ, пойтахти давлати Қандаҳор. Димнаи Таксила дар ҳудуди Покистон, 35 км шимолу гарбтари шаҳри Равалпинди ҷойгир аст. Осори мадани се теппаи димнаи Таксила ба се давраи инкишофи он мувофиқ меояд. Иқоматгоҳҳои давраи аввал (асрҳои 6—2 то мелод) оддист. Якуним километр ғарбтар аз Бҳир Маунд ибодатгоҳи ҷомеи Дҳармароҷик воқеъ аст, ки зҳтимол дар аҳди Ашока (асри 3 то мелод) сохта шуда бошад. Давраи дуюми инкишофи Таксила аз рӯи тадқиқи теппаи Сиркап аниқ гардид. Шаҳре, ки дар ҷои теппаи Сиркап бино ёфтааст (асрҳои 2 то мелод —2 мелодӣ) тарҳи мутаносиб дошта, кӯчаҳон он танг ва каҷу килеб буданд.

taxila

Дар шаҳр ибодатгоҳ ва кӯшк мавҷуд буд. Дар байни иқоматгоҳҳо биноҳои се ва чорошёна низ буданд. Дар асри 1 мелодӣ аввалин ибодатгоҳҳои буддоӣ сохта шудаанд, ки бомашон қирадор аст. Дар аҳди Кушониёи дар ҷои Таксила шаҳри Сирсуқҳ бино ёфта буд. Давраи сеюми инкишоф дар Таксила ба ин шаҳр алоқаманд аст. Таксила калонтарин маркази савдою ҳунармандӣ, маданияти ҳиндуён, элдинизам, эрониён буд. Бозёфтҳои Таксила (либоси ҷангӣ, яроқҳо, оинаҳои биринҷӣ, зарфҳои сафолӣ) аз робитаи Осиёи Миёна ва Ҳиндустон шаҳодат медиҳанд. Таксила дар натиҷаи ҳуҷуми ҳайтолиён дар нимаи дуюми асри 5 хароб гардид, аҳолӣ асри 7 онро тамомаи тарк намуд.
Е. Денисов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …